Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар МД "Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов" чорабинии тантанавӣ бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор…
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар МД "Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов" чорабинии тантанавӣ бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - Калонов Азиз ва Саидзода Умеда Бекназар - муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ қайд гардид, ки Ҷашни Наврӯз на танҳо оғози соли нави хуршедӣ ва муждаи навбаҳори зебо, балки ганҷинаи бебаҳои тамаддуни башарӣ ва шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши ин ойини накӯи аҷдоди таъкид намудаанд: "Ҷашни Наврӯз яке аз оинҳои бостонии ниёгони тамаддунпарвар ва соҳибфарҳанги мо аст, ки аз фаро расидани соли нави хуршедӣ ва навбаҳори зебову хуҷастапай мужда медиҳад. Ин пайки шодмонӣ ва шодкомӣ рамзи офариниши ҷаҳон, осмону ситорагон, гулу гиёҳ ва муҳимтар аз ҳама мавҷудияти инсон буда, ба зиндагӣ оғози нав ва накҳати тоза мебахшад."
Дар идома, барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуда, ба шукӯҳи ҷашни мазкур шаҳомати тоза зам намуд.