Имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ нишасти навбатии матбуотӣ баргузор гардид, ки он бо суханронии Раиси Кумитаи давлатӣ Ориф Хоҷазода оғоз гардид.
Дар оғози нишасти матбуотӣ қайд гардид, ки ҳадаф аз баргузории ин нишасти имрӯза пешниҳоди ахборот оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи давлатӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ва посух ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма мебошад.
Ориф Хоҷазода дар идома изҳор намуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ фаъолияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба татбиқи сиёсати давлатии соҳаи муносибатҳои замин, такмили низоми баҳисобгирӣ ва идоракунии захираҳои замин, рушди корҳои геодезӣ, харитасозӣ ва кадастри давлатӣ, инчунин рақамикунонии хизматрасониҳои соҳавӣ равона гардид.
Дар ин давра ҳамагӣ 7661 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардидааст, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли 2025-ум 132 ҳолат зиёд аст.
Барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 6943 қарор қабул гардид, ки дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2025-ум 217 адад зиёд мебошад.
Ҳамзамон, дар натиҷаи андешидани чораҳои мушаххас 4945 ё ин 65 фоизи ҳолати қонунвайонкунӣ саривақт бартараф карда шуданд.
Ҳамчунин барои додани баҳои ҳуқуқӣ 64 мавод ба прокуратура ва 228 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол гардид, ки ин низ барои саривақт ворид намудани ҷаримаҳо мусоидат кард.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 567 гектар, заминҳои обӣ бошад 819 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид гардиданд.
Инчунин, заминҳои ниҳолҳои бисёрсола дар майдони 146 гектар, аз он обӣ 122 гектар зиёд шудааст.
Дар баробари ин, аз ҳисоби заминҳои партов дар майдони 173 гектар, аз ҷумла обӣ 169 гектар ба заминҳои корам ва аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ 128 гектар ба заминҳои корам, 23 гектар ба ниҳолҳои бисёрсола ва дигар намуди заминҳо 243 гектар, аз ҷумла 186 ба замини корам ва 57 ба боғот гузаронида шудаанд.
Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда фаъолият дар ин самт қонеъкунанда арзёбӣ нагардида, таъкид шуд ки то ҳол дар ҷумҳурӣ 19545 гектар заминҳои партов ва 5750 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда мавҷуданд, ки барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор чораҷўӣ намуда истодааст.
Дар нимсолаи аввали соли 2026 корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ дар маҷ-мӯъ 97,5 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз маблағҳои буҷетӣ 7,5 миллион сомонӣ ва корҳои шартномавиро ба маблағи 90 миллион сомонӣ иҷро намуданд, ки аз он ҳамагӣ 25,1 миллион сомонӣ андозҳо пардохт шуда, музди миёнаи кормандон ба ҳисоби миёна 2728 сомониро ташкил намуд.