Шоми 13-уми июни соли 2026 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ Рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ, намоиши молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумӣ бо шукуҳу шаҳомати хос доир шуд.
Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ - роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Ориф Хоҷазода, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Дилшод Сафарзода, намояндагони аҳли зиё, ҷавонону занони фаъол ва сокинону меҳмонони сершумори пойтахт иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо тамошои намоишгоҳи дастовардҳои ноҳияи Рӯдакӣ оғоз гардид. Меҳмонон аз гӯшаҳои намоишӣ дидан намуда, бо намунаҳои беҳтарини маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, сабзавоту полезӣ, мева, маҳсулоти саноатӣ, маҳсули фаъолияти соҳибкорон, ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои соҳаҳои маориф, фарҳанг ва варзиш шинос шуданд.
Дар намоишгоҳ намунаҳои беҳтарини чакандӯзӣ, зардӯзӣ, қолинбофӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, маҳорати ҳунармандони ноҳия диққати меҳмононро ба худ ҷалб намуд. Ҳамчунин, намунаҳои гуногуни таомҳои миллӣ, шириниҳо ва маҳсулоти коркарди ватанӣ пешкаши ҳозирин гардиданд.
Зимни боздид меҳмонон ба сатҳи баланди омодагӣ ва тарзи муаррифии дастовардҳои ноҳияи Рӯдакӣ баҳои баланд дода, аз пешрафту ободониҳои ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки ноҳияи Рӯдакӣ имрӯз ҳамчун яке аз ноҳияҳои пешқадами ҷумҳурӣ дар самтҳои кишоварзӣ, саноат, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ даҳҳо иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Дар қисмати расмии чорабинӣ Риси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Ориф Хоҷазода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мардуми Тоҷикистон имрӯз дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд.
Зикр гардид, ки маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон дар ҳамаи самтҳо ба пешрафтҳои назаррас ноил гардида, шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Рӯдакӣ, дар роҳи рушду тараққиёт қадамҳои устувор мегузоранд.
Номбурда таъкид намуд, ки баргузории Рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ дар шаҳри Душанбе имконияти мусоид барои муаррифии дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳия буда, саҳми сокинони ноҳия дар пешрафти кишвар назаррас мебошад.