МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ Тибқи нақшаи омӯзишҳои идоравӣ барои хизматчиёни давлатии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бо иштироки доираи васеи кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи давлатӣ…
МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ
ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ
Тибқи нақшаи омӯзишҳои идоравӣ барои хизматчиёни давлатии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бо иштироки доираи васеи кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи давлатӣ дар мавзӯи «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он муовини сардори Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори адлия Акрамзода Ёсуман Абдуҳалим иштирок намуд.
Дар хониши идоравӣ Акрамзода Ёсуман оид баасосҳои татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин талаботи моддаҳои 22 ва 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», яъне доир ба мамониат барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда ва маҳдудият вобаста ба иҷрои вазифаҳои мансаби давлатӣ ва мансаби ба он баробаркардашуда ва чунин кирдорҳо ҳуқуқвайронкунии ба коррупсия алоқаманд ҳисобида мешаванд шарҳу тавзеҳ дода, оид ба оқибатҳои манфӣ доштани кирдорҳои коррупсионӣ ва роҳҳои пешгирии он суҳбати озод ва судмандро ба масъулин доир намуд.
Ҳамзамон, номбурда оид ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2026, №1145 Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм солҳои 2026-2030 суханронӣ намуда, ҷиҳати ба таври дахлдор ба роҳ мондани иҷрои барномаи зиддикоррупсионии мазкур ба масъулин маслиҳатҳо дод.
Қайд гардид, ки Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мақомоте мебошад, ки шаҳрвандон оид ба масъалаҳои вобаста ба зиёд муроҷиат менамоянд.
Бо дарназардошти ин, тамоми кормандони Кумитаи давлатиро зарур аст, ки ҳангоми қабул ва муошират бо шаҳрвандон пеш аз ҳама муносибати дурӯсту хоксоронаро пеша гирифта, дар ягон маврид ба омилҳои коррупсионӣ роҳ надода, фаъолияти кории худро қатъиян дар доираи дастурамалу низомномаҳои тасдиқгардида ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монанд.
Муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одилбекзод Дилдор дар навбати худ иброз намуд, ки Кумитаи давлатӣ дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2026, №1145 Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм солҳои (2026-2030) барои соли 2026 дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро таҳия намуда, бо қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2026, №27 тасдиқ намуд.