Натиҷаҳои асосии фаъолият дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ва муайян намудани вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда аз масъалаи асосии ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ буд, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатӣ Ориф Хоҷазода мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вобаста ба ин масъала нахуст муовини Раиси Кумитаи давлатӣ Мирзовалӣ Сафармаҳмадзода баромад намуда, таъкид дошт, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, ки давраи омодагӣ ба таҷлили ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёфт, кулли кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро роҳандозӣ намуда, дар ин давра як қатор корҳои муҳимро ба сомон расониданд.
Таҳия ва омода намудани лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисобот оид ба заминҳои мавҷудбуда, тақсимоти онҳо аз рўи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2026» яке аз корҳои асосӣ буд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба анҷом расида, лоиҳаи қарори мазкур баъди мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Таъкид гардид, ки аз дигар намуди заминҳо ҳамагӣ 490 гектар, аз он обӣ 485 гектар ба заминҳои корам гузаронида шудаанд. Заминҳои ниҳолҳои бисёрсола бошад дар ин давра 146 гектар, аз ҷумла обӣ 122 гектар зиёд шудааст. Майдони 173 гектар, аз он обӣ 169 гектар заминҳои партов дар соли 2025 кам ва ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудаанд.
Яке аз самтҳои асосии дигари фаъолияти Кумитаи давлатӣ назорати истифодаи замин буда, дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ҳамагӣ 3931 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 3560 дастур дода шудааст. Нисбати 3636 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 2145391 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуд, ки аз ин 1722435 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид гардидааст.
Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал инчунин 77 адад маводро барои руёнидани маблағ ба иҷрочиёни Хадамоти иҷро ирсол намуда, ҳамзамон 2480 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро дар маҳал бартараф намудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ 9168 адад ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин ба қайди давлатӣ гирифта шуда, заминистифодабарандагон бо шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таъмин гардиданд. Ҳамчунин дар ин давра 15369 адад биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, аз ҷумла ҷудогона ва иншоот ба қайди давлатӣ гирифта шуданд.
Кумитаи давлатӣ ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024, №374 “Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва қарори Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ аз 19 феврали соли 2025, №17 “Оид ба маъракаи ниҳолшинонӣ” корҳои муайянро ба сомон расонида, кулли кормандони Кумитаи давлатӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии маҳаллаю шоҳроҳҳои ба онҳо вобасташуда ширкат варзида, корҳои кабудизоркуниро бо шинонидани дарахтҳои мевадиҳандаю сояафкан ва гулу буттаҳо ба роҳ монданд. Дар давраи ҳисоботӣ шумораи ниҳолҳо ва гулу буттаҳои шинонидашуда 40234 ададро ташкил дод.