ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола санаи 11 март таҷлил мегардад яке аз санаҳои муҳими фарҳангии кишвар ба ҳисоб рафта, баёнгари қадру манзалати каломи чопӣ ва нақши бузурги рӯзноманигорон дар ҳаёти ҷомеа мебошад. Ба ин…
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК
Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола санаи 11 март таҷлил мегардад яке аз санаҳои муҳими фарҳангии кишвар ба ҳисоб рафта, баёнгари қадру манзалати каломи чопӣ ва нақши бузурги рӯзноманигорон дар ҳаёти ҷомеа мебошад.
Ба ин муносибат дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси Кумитаи давлатӣ Ориф Хоҷазода зимни баромади худ қайд намуд, ки матбуот ҳамчун минбари муҳими иттилоотӣ ва василаи асосии инъикоси воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар дар ташаккули афкори ҷомеа, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши басо муҳим дорад.
Таъкид шуд, ки маҳз бо таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди соҳибистиқлол гардидани кишвар, матбуоти тоҷик рушд намуда, ба пешравиҳои наззарас ноил шуд.
Маҷаллаи “Сарзамин”-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ низ яке аз нашрияҳои беҳтарини кишвар маҳсуб ёфта, туфайли заҳматҳои аҳли эҷоди он ҷолибу хонданибоб гардидааст.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ сармуҳаррири маҷаллаи “Сарзамин” Гулчеҳра Сатторзодаро ба муносибати ин санаи фархунда кулли иштирокдорони ҷамъомад муборакбод намуданд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҷомеаи меҳнатии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли кормандони воситаҳои ахбори оммаи кишварро ба мунсоибати Рӯзи матбуоти тоҷик самимона шодбош намуда, ба онҳо саломатии бардавом, руҳияи баланди эҷодӣ, илҳоми тоза, матонату устуворӣ ва муваффақиятҳои назаррас дар фаъолияти пурмасъулияти касбиашон орзу менамоем.
Бигзор қалами шумо ҳамеша бурро, суханатон таъсирбахш ва фаъолияти касбиатон баҳри пешрафт, субот ва шукуфоии Тоҷикистони азиз равона гардад.
Рӯзи матбуоти тоҷик муборак бод!