Яке аз ҳадафҳои асосии “Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024, №374 тасдиқ шудааст, нигоҳдории вазъи муътадили ҳавои атмосфера ва тавозуни табиии устувор, инчунин танзими асосҳои экологӣ, иқтисодӣ ва идоракунии самарабахши кабудизоркунӣ ва васеъ намудани майдони кабудизоркунӣ мебошад.
Дар Барномаи мазкур ҳамчунин риояи талаботи агротехникии ниҳолшинонӣ ҳангоми пешбурди корҳои кабудизоркунӣ, таъмини сабзиши ниҳолҳо ва баланд бардоштани донишу таҷрибаи мутахассисон дар самти кабудизоркунӣ махсус таъкид шудааст.
Ин аст, ки имрӯз бо иштироки Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода дар минтақаи Ховарони шаҳри Душанбе оид ба бунёд намудани боғ семинар-машварат баргузор гардид.
Дар семинари мазкур сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, роҳбарони корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ – ИДЛЗ “Тоҷикзаминсоз”, ИЛТ “Фазо”, КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, КВД Аэрогеодезии Душанбе, КВД “Фабрикаи харитасозӣ”, Маркази илмӣ-тадқиқотӣ, раисони кумитаҳои идораи замин ва директорони КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Рўдакӣ, Варзоб ва Шаҳринав иштирок намуданд.
Директори ИДЛЗ “Тоҷикзаминсоз” Хуршед Бобозода бо мутахассисони институт аз минтақаҳои гуногуни замини барои сабзу хуррамгардонӣ ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ вобасташуда, намунаҳо гирифта, таркиби муқаддамотии хоки онро муайян ва тарзи кишту парвариши ниҳолҳоро дар ин минтақа ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ доданд.
Қайд гардид, ки ташхиси хокшиносӣ марҳилаи муҳими оғози киштукор буда, ба ин масъала бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардад.
Раиси Кумитаи давлатӣ Ориф Хоҷазода таъкид дошт, ки ҳадаф аз баргузории чунин семинар-машварат бо риояи қатъии агротехникӣ шинонидани ниҳолҳо, бунёди боғу сабзу хуррам ва таъмини нашъунамои он буда, ба ин васила саҳмгузорӣ дар ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе аст.
Ёдрас мешавем, ки ҷиҳати татбиқи “Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ тасмими гирифтааст, ки дар партави ташаббусҳои ободкоронаву созандаи Раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ дар минтақаи Ховарони шаҳр дар майдони бештар аз 7 гектар боғи себу олу ва ангур бунёд намояд.
Бо ин мақсад дар ин қитъаи замин ду ҳавзи захираи об барои таъмини навниҳолҳо бо об бунёд хоҳанд шуд.