Бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии навбатӣ баргузор гардид.
Зимни суханронии худ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода таъкид дошт, ки дар соли 2025 чунонки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар баён доштанд, “барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳиб-истиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рўйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид”.
Зикр гардид, ки дар соли сипаришуда, ки воқеан соли таърихиву бобарор буд, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ пеш аз ҳама баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самараноку оқилона истифода бурдани замин, нақша-чорабиниҳо тартиб дода, ҷиҳати назорати истифодаи ҳифзи замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партову холимонда, азхудкунии заминҳои нав, инчунин корҳои заминсозию кадастри замин, топографию геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Дар давраи ҳисоботӣ 13420 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 917 ҳолат зиёд аст.
Барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 11677 қарор қабул гардид, ки дар муқоиса бо соли 2024-ум 435 адад зиёд мебошад.
Ҳамзамон, дар натиҷаи андешидани чораҳои мушаххас 10066 ё ин 75 фоизи ҳолати қонунвайронкунӣ (дар майдони умумии 20627,19 га) саривақт бартараф карда шуданд.
Илова бар ин, барои додани баҳои ҳуқуқӣ 1035 мавод ба прокуратура ва 927 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол гардид, ки ин низ барои саривақт ворид намудани ҷаримаҳо мусоидат кард.
Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ мутахассисони Кумитаи давлатӣ ҷиҳати саривақт ошкор ва бартараф намудани қонунгузории замин тибқи дархости мақомоти қудратӣ бештар аз 3000 маротиба санҷиш гузаронида, хулоса пешниҳод намуданд.
Дар идома Раиси Кумитаи давлатӣ таъкид дошт, ки яке аз самти муҳими дигари фаъолияти Кумитаи давлатӣ назорати самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ ва гирифтани ду-се ҳосил аз ин заминҳо мебошад.
Ин аст, ки Кумитаи давлатӣ ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов, холимонда ва заминҳои корами обӣ, ки ҳамчун заминҳои лалмӣ истифода бурда мешаванд, корҳои муайян ба сомон расонид.