ИШТИРОК ДАР МАҶЛИСИ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон - намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ориф Хоҷазода ва и.в. раиси ноҳия Нусратулло Салимзода маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 баргузор гардид.
Дар маҷлис муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти суд, прокуратура, ҳифзи ҳуқуқ, соҳаҳои молия, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ташкилоту идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагидорон ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.
Маҷлис бо сухани ифтитоҳии и.в. раиси ноҳия Нусратулло Салимзода оғоз шуд.
Нахуст муовини якуми раиси ноҳия Аҳлиддин Шарифзода оид фаъолияти тамоми самтҳои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияро дар соли 2025 ҳисобот дод.
Қайд гардид, ки давоми соли 2025 дар ноҳияи Рӯдакӣ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, иҷрои нақша ва дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои инкишофи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамчунин дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои мушаххас ва чораҳои амалӣ андешида шуданд. Дар натиҷаи чунин тадбирандешиҳо давоми соли 2025 соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия муттасил рушд намуда, ҳама соҳаҳо натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Баъди таҳлил ва пурсиши масъулин Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон - намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ориф Хоҷазода суханронӣ намуд. Ориф Хоҷазода вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва таҳкими ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои масъулро барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои боз ҳам баланд дар соли 2026 таъкид намуд.
Аз натиҷагирии фаъолияти пурсамари аҳли ноҳия, дар умум, натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рӯдакӣ дар соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардида, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта хулосабарорӣ ва бо назардошти пешниҳодҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.