МУЛОҚОТ БО КОРМАНДОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСҲОИ СИСТЕМАИ КУМИТАИ ДАВЛАТӢ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода дар оғози соли нави 2026 бо роҳбарону кормандони корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ –…
МУЛОҚОТ БО КОРМАНДОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСҲОИ СИСТЕМАИ КУМИТАИ ДАВЛАТӢ
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода дар оғози соли нави 2026 бо роҳбарону кормандони корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ – ИДЛЗ “Тоҷикзаминсоз”, ИЛТ “Фазо”, КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, КВД “Фабрикаи харитасозӣ”, КВД Аэрогеодезии Душанбе, КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Душанбе ва Маркази илмӣ-тадқиқотӣ мулоқот намуд.
Дар оғоз Раиси Кумитаи давлатӣ ба самъи ҳозирон мӯҳтавои паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида буд, шарҳу тавзеҳ дод.
Зикр гардид, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хеле пурмуҳтаво буда, дар он дастовардҳои кишвар ба таври комил зикр гардиданд ва самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар барои солҳои минбаъда муайян шуданд.
Дар оғози Паёми навбатии худ Роҳбари давлат таъкид доштанд, ки «Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳиб-истиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рўйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид».
Аз ҷумла зикр шуд, ки моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд.
Дигар рўйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷи-кистон ва Ҷумҳурии Қирѓизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ арзёбӣ гардид.
Пешвои муаззами миллат изҳор доштанд, ки имзо гардидани шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирѓизистон ва Ҷум-ҳурии Ўзбекистон дар бораи нуқтаи пайваст-шавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дўстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд.
Сарвари кишвар ҳамчунин изҳор намуданд, ки соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд.
Дар ин замина зикр гардид, ки рўзи 12-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кўҳӣ» қабул карда шуд.