Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ, ки ба қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009 вобастагӣ дорад, шурӯъ аз соли 2009 ҳамасола ботантана таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он сардори шӯъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Зулфониён ва корманди радиои “Фарҳанг”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдулло Акрамзода, инчунин сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, роҳбарони корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ, инчунин раисони кумитаи идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тариқи онлайн иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳи муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Мирзовалӣ Сафармаҳмадзода оғоз гардид.
Номбурда таъкид дошт, ки имрӯз мову шумо Рӯзи забонро дар рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳанги миллӣ ва арҷ гузоштан ба ҳама муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ дар замони давлатдории миллӣ таҷлил менамоем.
Ҷойи ифтихор аст, ки забони мо дар ин кишвар замони тӯлонӣ дар мақоми забони расмӣ қарор дошта, осори ниҳоят фаровони адабӣ, таърихӣ, илмӣ, ҳамчунин фарҳангномаҳо ва дастурҳои омӯзиши ин забон таҳия ва таълиф гардидаанд.
Забони адабии тоҷикӣ, ки дар аҳди Сомониён дар мақоми забони давлатӣ ташаккул ёфтааст, имрӯз дар замони давлатдории навин низ ба ҳайси забони давлатӣ қарор дорад.
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ маҳз туфайли таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи забони тоҷикӣ дар ҷомеа боз ҳам боло рафта, бо муҳайё шудани имкону шароити бештар дар мамлакат давра ба давра барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия, тасвиб ва амалӣ шуданд.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат коргузорӣ пурра ба забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, номҳои таърихии ҷуғрофӣ дубора эҳё шуданд.
Забони тоҷикӣ дар давоми қариб сиву панҷ соли Истиқлолияти давлатӣ муҳимтарин омили ваҳдат ва сарҷамъии миллат гардид ва бори дигар матлаби бинои ҳастӣ ва бақову пойдории миллат будани забонро ба таври шоиста исбот намуд.