Аз санаи 10-14 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи 47-уми Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин баргузор гардид, ки дар он таҳти…
Аз санаи 10-14 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи 47-уми Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин баргузор гардид, ки дар он таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода як гурӯҳ мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Дар кори ҷаласаи мазкур роҳбарони сохторҳои заминсозӣ ва геодезии давлатҳои ИДМ ширкат доштанд.
Дар нишасти Шӯро Ориф Хоҷазода оид ба иҷрои муқаррароти протоколи ҷаласаи 46 Шуро ва корҳои дар ин самт иҷрошуда суханронӣ ва пешниҳодҳои худро оид ба тақвияти ҳамкориҳо баён намуд.
Дар ҷаласаи мазкур дигар масъалаҳои марбут ба соҳа, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин соли 1992 таъсис ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои он мебошад.
Мақсад аз ташкил намудани Шӯрои мазкур табодули таҷрибаи ҳамдигарӣ дар самтҳои геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин, бозомузии мутахассисон мебошад.
Ҷаласаҳои Шӯро ҳар сол дар яке аз давлатҳои аъзо ба навбат гузаронида мешавад.
Аз ҷумла, моҳи сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 41-уми Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он намояндагони ҳайатҳои расмӣ аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия иштирок намуда буданд.