Имрӯз 29 январи соли 2026 бо ибтикори муассисаҳои илмии вилоят, аз он ҷумла Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Б. Искандаров, Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков ва Маркази илмии кишоварзии Помири Академияи илмҳои кишоварзии…
Имрӯз 29 январи соли 2026 бо ибтикори муассисаҳои илмии вилоят, аз он ҷумла Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Б. Искандаров, Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков ва Маркази илмии кишоварзии Помири Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Ҷашни Сада — рамзи рушноӣ ва гармӣ дар фарҳанги тоҷикон» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Амирбекзода Ҳабибулло, олимон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо суханони ифтитоҳӣ ва табрикоти директори Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Б. Искандаров (АМИТ), доктори илмҳои филология Қаландариён Ҳоким Сафар ва директори Институти биологии Помир ба номи академик Х. Юсуфбеков (АМИТ), доктори илмҳои биологӣ Абдулназарзода Абдулназар расман оғоз ёфт.
Дар ҷараёни мизи мудаввар маърӯзаҳои Исмоилов Мутриб, номзади илмҳои кишоварзӣ, котиби илмии Институти биологии Помир, Шоинбеков Аловидин, ходими калони илмии шуъбаи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ, Қудратбекова Нилуфар, мудири шуъбаи чорводорӣ, чарогоҳ ва тадбиқи дастовардҳои илмии Маркази илмии кишоварзии Помир, Тошмамадова Фарзона, ходими хурди илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Б. Искандаров шунида ва муҳокима гардиданд.