Рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази илмии кишоварзии Помир
Хоруғ, 28 августи соли 2026 — Дар доираи тадбирҳои созандагӣ ва рушди инфрасохтори илмию зеҳнии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази илмии кишоварзии Помир бо маром идома доранд. Пешрафти лоиҳаи мазкур шаҳодати…
Хоруғ, 28 августи соли 2026 — Дар доираи тадбирҳои созандагӣ ва рушди инфрасохтори илмию зеҳнии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази илмии кишоварзии Помир бо маром идома доранд. Пешрафти лоиҳаи мазкур шаҳодати таваҷҷӯҳи пайваста ба беҳтар кардани шароити корӣ барои олимону мутахассисони соҳаи аграрӣ мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот таҳти назорати масъулин қарор дошта, ба итмом расидани марҳилаҳои асосии он ба наздикӣ ба нақша гирифта шудааст.
Сохтмони Маркази илмии кишоварзии Помир бо дастгирии ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва муассисаи давлатии рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» сохта ба истифода дода мешавад.