ИСТИҚЛОЛИЯТ - РАМЗИ ОЗОДӢ ВА САРБАЛАНДИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Истиқлолият барои ҳар як миллат арзиши бузург ва муқаддас ба шумор меравад. Барои мардуми Тоҷикистон ба даст овардани истиқлолият яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихӣ буда, оғози марҳилаи нави рушди давлатдорӣ гардид. Бо гузашти 35 сол аз рӯзи эълони истиқлолият, метавон бо ифтихор дастовардҳо ва пешрафтҳои кишварро таҳлил намуд. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 эълон гардид. Ин рӯйдод ба халқи тоҷик имконият дод, ки роҳи мустақили сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро интихоб намояд. Дар солҳои аввали истиқлолият кишвар бо мушкилоти зиёде, аз ҷумла ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид. Бо вуҷуди ин, бо талошу заҳмат ва ваҳдати миллӣ, Тоҷикистон тавонист сулҳ ва суботро барқарор кунад. Дар тӯли 35 соли истиқлолият, Тоҷикистон дар самтҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, рушди инфрасохтор, сохтмони роҳҳо, неругоҳҳои барқӣ, мактабҳо ва беморхонаҳо ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намуд. Ҳамчунин, соҳаҳои маориф ва илм рушд ёфта, имкониятҳои таҳсил барои ҷавонон бештар гардиданд. Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Ваҳдат ҳамчун омили асосии суботи сиёсӣ ва пешрафти иқтисодӣ хизмат мекунад. Мардуми Тоҷикистон бо ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносӣ барои ободии Ватан саҳм мегузоранд. Дар баробари дастовардҳо, ҳанӯз ҳам масъалаҳо ва вазифаҳои ҳалталаб вуҷуд доранд. Аз ҷумла, рушди устувори иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳими давлат ба ҳисоб мераванд. Назаррас аст, ки 35-солагии истиқлолият барои Тоҷикистон марҳилаи муҳими таърихӣ мебошад. Ин ҷашн на танҳо рамзи озодӣ ва мустақилият, балки нишонаи пешрафт ва умед ба ояндаи дурахшон аст. Вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ҳифз ва таҳкими ин неъмати бебаҳо — истиқлолият мебошад.
Истиқлолият танҳо соҳиб шудан ба парчам, нишон ва дигар рамзҳои давлатӣ нест. Истиқлолият пеш аз ҳама масъулияти бузург барои ҳифзи давлат, таъмини амният, рушди иқтисод, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ мебошад.
Дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон роҳи пурпечутоби давлатсозиро тай намуд. Таҳкими пояҳои давлатдорӣ, қабули Конститутсия, ташаккули низоми ҳуқуқӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёди роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ аз равандҳои муҳими ин давра мебошанд.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи худро дорад ва ташаббусҳои кишвар дар масъалаҳои об, иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва дигар масъалаҳои глобалӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд. Дар соли 2026, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, рамзи ҷашнӣ низ тасдиқ гардид, ки дар он Маҷмааи Истиқлол, кӯҳу пиряхҳо, роҳҳо, нақбҳо ва неругоҳҳо ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ, рушди кишвар ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ инъикос ёфтаанд.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки бе сулҳ ва суботи сиёсӣ рушди иқтисод, маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ғайриимкон аст.
Сулҳи тоҷикон барои кишвар имконият фароҳам овард, ки ба масъалаҳои созандагӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ рӯ оварад. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ бояд ҳамчун яке аз арзишҳои асосии давлати соҳибистиқлол ҳифз ва таҳким дода шавад.
Истиқлолият ҳамзамон давраи эҳёи худшиносии миллӣ гардид. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба омӯзиши таърих, забон, фарҳанг, адабиёт ва мероси маънавии тоҷикон таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2025 таъкид намуданд:
«Ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».
Ин суханон барои ҷомеаи имрӯза аҳамияти махсус доранд. Зеро истиқлолият танҳо бо фаъолияти давлат нигоҳ дошта намешавад. Ҳифзи он аз ҳар як шаҳрванди кишвар масъулият, ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳисси баланди миллӣ талаб мекунад.
Соли 2026 бо ташаббуси Пешвои миллат ҳамчун Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардид. Ин иқдом ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аҳамияти рамзӣ ва амалӣ дорад.
Созандагӣ танҳо сохтани биноҳои нав нест. Созандагӣ фарҳанги меҳнат, масъулияти шаҳрвандӣ, ҳифзи муҳити зист, обод намудани маҳалли зист, рушди маориф, дастгирии соҳибкорӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафти ҷомеа мебошад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 таъкид шудааст, ки ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлол корҳои созандагӣ бояд вусъат дода шаванд. Тибқи маълумоти расмӣ, то он вақт аз 29 ҳазор иншооти ба нақша гирифташуда 26 ҳазор ба истифода дода шуда буд ва саҳми соҳибкорону шаҳрвандон дар ин раванд беш аз 70 фоизро ташкил медод.
Ин нишон медиҳад, ки истиқлолият на танҳо натиҷаи фаъолияти мақомоти давлатӣ, балки натиҷаи меҳнат ва саҳми шаҳрвандони кишвар низ мебошад.
Дар давоми солҳои истиқлол Тоҷикистон тавонист дар арсаи байналмилалӣ мақоми худро таҳким бахшад. Ташаббусҳои кишвар дар масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувор аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки Тоҷикистонро ҳамчун кишвари фаъол дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ муаррифӣ менамоянд.
Маҳз ташаббусҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишвар ба таҳкими нуфузи Тоҷикистон мусоидат кардаанд. Дар таҳлили бахшида ба 35-солагии истиқлол низ нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди дипломатияи миллӣ ва муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ таъкид шудааст.
Нуфузи давлат, пеш аз ҳама, аз суботи дохилӣ, сиёсати хориҷии фаъол, иқтисоди рушдёбанда, фарҳанги миллӣ ва обрӯи шаҳрвандони он дар ҷаҳон вобаста мебошад.
Имрӯз насли ҷавони Тоҷикистон дар шароите ба камол мерасад, ки давлат соҳиби рамзҳои миллӣ, Конститутсия, низоми мустақили давлатӣ ва мавқеи байналмилалӣ мебошад. Барои ҷавонон истиқлол бояд на танҳо як мафҳуми таърихӣ, балки арзиши зинда ва масъулияти ҳаррӯза бошад.
Ҷавонон бояд донанд, ки ҳифзи истиқлол аз донишомӯзӣ, касбомӯзӣ, эҳтироми қонун, меҳнати ҳалол, худшиносии миллӣ ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷомеа оғоз мешавад.
Дар даврони истиқлолият таваҷҷуҳи хоса додан ба насли наврас ва ҷавон аз ҷумлаи дастовардҳои беназири истиқлоли давлатии Тоҷикистон мебошад. Чунки ин насл ояндаи миллат буда, бақои давлат ва Ватан мебошад. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳо ва консепсияҳо оид ба маърифаткунонии насли ҷавон ҳамчун насли солим ва бомаърифат қабул гардидаанд. Бояд зикр кард, ки Соли 2017 – Соли ҷавонон эълон гардида буд.
Маром ва мақсади ҳар як фарди ҷомеа бояд таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, масъалаи рушди ҷомеа, ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, тарзи ҳаёти солим ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва ватандӯстӣ бошад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми хушиқболи тоҷик файзу баракати зиёд оварда, тамоми сокинони Тоҷикистон аз меваҳои он бархурдор мебошанд ва имрӯз аз озодӣ ва ободии Ватани азизи худ ифтихор намуда, барои пешрафту ободии он, барои ба як давлати мутараққӣ, мутамаддин ва шукуфо табдил додани Тоҷикистони соҳибистиқлол пайваста кӯшишу ғайрат менамоянд.
и.в. директори МИКП
н.и.б Мусоев С.М