Дар таърихи 11-уми октябри соли 2025 тибқи нақшаи кории Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Маркази илмии кишоварзи Помир дар ҳамкорӣ бо Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, КВД "Зотпарварӣ" -и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ- амалии Ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи "Рушд ва равнақи соҳаи қутоспарварӣ ва оқилона истифодабарии чарогоҳҳои баландкӯҳи ВМКБ" баргузор гардид. Дар кори семинари мазкур намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, Раёсати кишоварзии ВМКБ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб иштирок намуда, дар баррасӣ ва муҳокимаи рузномаи маҷлис мушовири Президенти АИКТ, академик - Комилзода Д. Қ, директори Институти чорводорӣ ва чарогоҳ - н.и.к. Давлатов Х.К, мудири шӯъбаи чорводории Маркази илмии кишоварзии Помир - Қудратбекова Н.М, муовини сардори Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фуруши чорвои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Одинаев У, аспиранти Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ - Рафеъзода Ҳ, Институти биологии Помир АМИТ н.и.к- Нусайриева Л баромад намуданд.