
1 июля 2026
ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ БАХШИДА БА 29 СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ва ҷавҳари давлатдории навини тоҷикон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба омили муҳими ҳифзи арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг ва таърихи пурифтихори миллати тоҷик табдил ёфтааст. Ин рӯйдоди сарнавиштсоз на танҳо оғози марҳилаи нави давлатдорӣ, балки рамзи сулҳу субот, сарҷамъӣ ва пешрафти устувори ҷомеаи мо мебошад. Мояи ифтихору сарфарозист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арзёбии саҳми сокинони шаҳри Кӯлоб дар роҳи таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ чунин таъкид намудаанд: «Барои мардуми шарифи Кӯлоби бостонӣ, бахусус, ҷашни истиқлолият арзишу қимати беандоза дорад. Зеро барои ҳифзи истиқлолияти Ватани маҳбубамон, расидан ба сулҳу субот, ҳимояи Ҳукумати конститутсионӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ сокинони ин шаҳр баробари дигар ҳамватанони азизамон намунаи корнамоиву диловарӣ нишон дода, ҷонбозиҳои зиёд карданд ва аз ҳама бештар талафоти ҷониву моддӣ доданд». Ин таъкиди пурҳикмати Пешвои миллат бозгӯи ҳақиқати таърихист. Зеро мардуми сарбаланди Кӯлоб дар солҳои ҳассоси давлатсозӣ барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва барқарории сулҳу оромӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Воқеан ҳам, Ваҳдати миллӣ на танҳо оғози марҳилаи нави давлатдорӣ, балки рамзи ҳамбастагӣ, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти муштараки шаҳрвандон дар назди Ватан мебошад. Ин арзиши муқаддас аз лаҳзаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ то ба имрӯз ҳамчун пайвандгари наслҳо, таҳкимбахши давлатдорӣ ва омили муҳими рушди ҷомеа хизмат мекунад. Таърих гувоҳ аст, ки халқи соҳибтамаддуни тоҷик ҳамеша ваҳдату ҳамдилиро асоси бақои миллат ва пойдории давлат медонист. Сокинони бонангу номуси шаҳри Кӯлоб низ бо илҳом аз ниёи бо фазлу дониш дар лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихӣ бо ҷасорату матонат ва садоқати худ ба Ватан намунаи ибрат нишон додаанд. Бо таъкиди Пешвои миллат: «Матонату ҷасорат ва ҷонфидоии ҳамватанони азиз, аз ҷумла фарзандони далеру шуҷоъ ва бонангу номуси ин шаҳр буд, ки пеши роҳи парокандагии миллати тоҷик ва хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон гирифта шуд ва барои зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат фазои мусоид муҳайё гардид». Имрӯз идомаи ҳамин анъанаҳои неки ватандӯстӣ аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки дастовардҳои сулҳу ваҳдатро ҳифз намуда, барои таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди устувори ҷомеа саҳми бештар гузорем. Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллӣ ба яке аз пояҳои асосии худшиносӣ, сарҷамъӣ ва пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон табдил ёфтааст. Далели равшани эътирофи байналмилалии сиёсати сулҳофаринии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи мантиқии ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат он аст, ки 25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи махсусро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул намуд. Қабули ин санади муҳим, ки солҳои 2027-2036-ро Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ эълон менамояд, бори дигар собит сохт, ки таҷрибаи нодири сулҳу ваҳдат ва оштии миллии Тоҷикистон имрӯз на танҳо барои мардуми кишвар, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ҳамчун намунаи арзишманд ва илҳомбахш эътироф гардидааст. Бешубҳа, ин дастоварди таърихӣ идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарварона ва ваҳдатофарини Пешвои миллат буда, мақому нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар таҳкими фарҳанги сулҳ, муколама ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшад. Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ҷашни сулҳу субот, амният ва созандагӣ мебошад. Маҳз баъди барқарор гардидани сулҳу ризоият барои рушди иқтисодиёт, ободонии шаҳру деҳот, бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум заминаҳои мусоид фароҳам омаданд. Мардуми шарифи Кӯлоби бостонӣ дар баробари халқи азизи Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва Ватани соҳибихтиёр ба корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди инфрасохтори замонавӣ камари ҳиммат бастанд. Имрӯз низ ин анъанаи неки созандагӣ идома дошта, ҳар як сокини шаҳрро зарур аст, ки дар пешрафту ободии диёр саҳми арзандаи худро гузорад. Аз тамоми сокинон, соҳибкорон ва заҳматкашони шаҳр даъват ба амал меорам, ки аз фазои орому осудаи кишвар самаранок истифода намуда, барои рушди иқтисодиёт, фаровонии маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саъю кӯшиши бештар намоянд. Ҳамзамон, моро мебояд суннатҳои неки ваҳдатро тавассути тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, ободонии маҳаллаву кӯчаҳо, вусъат бахшидани корҳои сабзкорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ боз ҳам таҳким бахшем. Шаҳри бостонии Кӯлоб бо таърихи пурифтихор ва фарҳанги ғании худ ҳамеша дар ҳифз ва таҳкими арзишҳои миллӣ, пояҳои давлатдорӣ ва рушди ҷомеа нақши намоён дорад. Хизматҳои шоистаи мардуми ин шаҳр аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳамеша қадрдонӣ мегарданд. Дар ин хусус Пешвои миллат чунин иброз намудаанд: «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон хизматҳои бузурги мардуми шарифи Кӯлобро ҳамеша бо дидаи қадр менигарад ва ман ҳамчун Роҳбари давлат фидокориву ҷонбозиҳои ҷавонмардони Кӯлобро ҳаргиз фаромӯш намекунам. Сокинони ин шаҳри бостонӣ ҳамеша дастгиру ҷонибдори сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат буданд ва дилпурона изҳор медорам, ки онҳо дар оянда низ бо ташаббусҳои созанда ва саҳми арзандаи хеш ин сиёсатро самимона ҷонибдорӣ хоҳанд кард». Боиси ифтихор аст, ки маҳз дар фазои сулҳу ваҳдат шаҳри Кӯлоб ба марҳилаи нави рушду пешрафт ворид гардида, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ аз ҷумлаи нишонаҳои равшани ин пешрафт мебошанд. Имрӯзҳо мардуми шарафманди шаҳри Кӯлоб дар фазои сулҳу субот ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд. Корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, сохтмони иншооти иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, роҳҳо ва дигар иншооти муҳими хизматрасонӣ бо маром идома доранд. Ваҳдати миллӣ моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, меҳру муҳаббат, эҳтироми ҳамдигар ва садоқат ба Ватан раҳнамун месозад. Ҳифзу таҳкими ин неъмати бебаҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.