Загрузка…
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ 15 сентябр. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ, ободонӣ ва созандагӣ ба шаҳри Кӯлоб сафари корӣ анҷом доданд.Зимни сафар раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ дар як қатор иншооти ҷашнӣ боздид намуда, бо масъулон ва сохтмончиён суҳбат карданд. Таъкид гардид, ки корҳои созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо сифати баланд, мутобиқ ба талаботи муосир ва дар муҳлатҳои муайяншуда анҷом дода шаванд.Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳо, ҷалби бештари мутахассисони маҳаллӣ, риояи меъёрҳои сохтмонӣ ва назорати сифати корҳои иҷрошаванда супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин, ба масъалаҳои ободонии гирду атрофи иншоот, кабудизоркунӣ, тозагӣ ва омодасозии инфрасохтори зарурӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.Дар ин замина, масъулон вазифадор гардиданд, ки корҳои сохтмонӣ ва ободониро бо масъулияти баланд идома дода, иҷрои саривақтии нақшаҳои пешбинишударо таъмин намоянд.