Загрузка…
ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ ДАР ДЕҲАИ НАВОБОД Бахшида ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Кӯлоб ва деҳоти он бо вусъати тоза идома доранд. Сокинони маҳалҳо талош доранд, ки бо саҳми худ дар ободии муҳити зист ва беҳтар гардидани шароити зиндагӣ ҳисса гузоранд. Дар доираи ин иқдомҳо дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Кӯлоб низ корҳои ободонӣ бо иштироки фаъолонаи сокинон ва соҳибкорон роҳандозӣ гардидааст. Аҳли заҳмати деҳа бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва бо мақсади беҳтар намудани шароити зисту зиндагии мардум ба ободонии роҳҳои дохилии маҳаллаҳо машғуланд. Дар ин марҳила беш аз се километр роҳҳои дохилии деҳа асвалтпушт гардида барои ҳамвору роҳат гардидани онҳо техника ва қувваи дастӣ истифода мешавад. Ин иқдом пеш аз ҳама барои осон намудани рафтуомади сокинон, беҳтар гардидани ҳолати роҳҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии мардум амалӣ мегардад. Зеро ободии роҳҳои маҳаллӣ яке аз омилҳои муҳими беҳтар намудани инфрасохтори деҳот ба шумор меравад. Дар доираи ин тадбирҳо сокинони деҳа бо оби тозаи ошомиданӣ низ таъмин гардидаанд. Фароҳам гардидани дастрасии мардум ба оби тоза яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ буда, барои беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Сокинони деҳаи Навобод низ ният доранд, ки ин иқдомҳоро идома дода, дар оянда барои ободонии роҳҳо, тозагии маҳал, кабудизоркунӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори деҳа саҳми худро гузоранд.