Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нишасти матбуотӣ бо иштироки зиёда аз 40 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор шуда, рӯзноманигорон 12 саволро вобаста ба масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва…
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нишасти матбуотӣ бо иштироки зиёда аз 40 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор шуда, рӯзноманигорон 12 саволро вобаста ба масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фаъолияти мақомоти ноҳия пешниҳод намуданд.
Нишасти матбуотӣ дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 баргузор гардида, ҳадафи асосии он таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо воситаҳои ахбори омма, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва пешниҳоди иттилои воқеӣ ба ҷомеа арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни нишаст 7 нафар рӯзноманигор аз расонаҳои гуногун, вобаста ба самтҳои мухталифи фаъолияти мақомоти ноҳия, масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, корҳои ободониву созандагӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз 12 савол пешниҳод карданд.
Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид ба саволҳои пешниҳодгардида посухҳои мушаххас дода, оид ба ҳар як масъала маълумоти зарурӣ пешниҳод намуд. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи рӯзноманигорон ба масъалаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, корҳои созандагиву ободонӣ ва нақшаҳои минбаъдаи ноҳия нигаронида шуд.
Зимни нишаст таъкид гардид, ки фаъолияти шаффоф ва ҳамкории доимии мақомоти давлатӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа, расонидани иттилои саҳеҳ ва саривақтӣ ба шаҳрвандон ва инъикоси воқеии дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда аҳамияти муҳим дорад.
Нишасти матбуотӣ дар фазои озод ва созанда баргузор гардида, рӯзноманигорон имконият пайдо карданд, ки ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ саволҳои мустақим пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас дарёфт намоянд.