Имрӯз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати ҳафтум, бо иштироки сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Ҳасанзода Баҳодур, раиси ноҳия Амирзода Маҳмуд Ҳамид, вакилони Маҷлиси вакилони халқ, роҳбарони…
Имрӯз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати ҳафтум, бо иштироки сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Ҳасанзода Баҳодур, раиси ноҳия Амирзода Маҳмуд Ҳамид, вакилони Маҷлиси вакилони халқ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Дар иҷлосия масъалаҳои марбут ба рафти иҷрои Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028, фаъолияти вакилони халқ ва тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия, ки дар давраи байни иҷлосияҳо қабул гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Доир ба рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 8 сентябри соли 2023, №1056, оид ба татбиқи Барномаи давлатии экологӣ муовини раиси ноҳия Маҳмадюсуфзода Маҳмадисо маълумот пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва беҳдошти вазъи экологӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи иҷлосия ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №32 Самадзода Сайёҳат оид ба фаъолияти вакилӣ баррасӣ гардида, ба маълумот гирифта шуд. Ба вакилон ҷиҳати тақвияти робита бо интихобкунандагон, баргузории суҳбату вохӯриҳо ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагию бунёдкорӣ тавсияҳо дода шуд.
Ҳамчунин, қарорҳои кадрӣ ва молиявии раиси ноҳия, ки дар давраи байни иҷлосияҳои шашум ва ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қабул гардидаанд, мавриди баррасӣ ва тасдиқ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми иҷлосия вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷиҳати иҷрои минбаъдаи вазифаҳои дар назди мақомоти маҳаллӣ гузошташуда масъулин вазифадор гардиданд.