. Санаи 07 августи соли равон дар маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба муносибати ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии осоишта баргузор гардид. Дар роҳпаймоии мазкур фаъолони ҷомеа, омӯзгорон, кормандони…
Санаи 07 августи соли равон дар маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба муносибати ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии осоишта баргузор гардид.
Дар роҳпаймоии мазкур фаъолони ҷомеа, омӯзгорон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, кормандон ва аъзоёни ҲХДТ-дар ноҳия, ҷавонон, фаъолона иштирок намуданд. Роҳпаймоӣ дар фазои тантанавӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстиву ифтихор аз 35 соли соҳибистиқлолӣ баргузор гардид.
Иштирокчиёни роҳпаймоӣ бо парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиору овезаҳои ватандӯстона аз маркази ноҳия гузар намуда, ба муносибати ин санаи таърихӣ эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба Ватанро ифода карданд.
Роҳпаймоии осоишта дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, баёнгари ҷонибдории сокинони ноҳия аз сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, сиёсати созанда ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.