Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар шаҳри Душанбе, ҷавонон ва варзишгарони ноҳия иштироки фаъолона намуда, саҳми арзандаи худро дар муаррифии дастовардҳои варзишӣ ва фарҳангии ноҳия гузоштанд. Ҷавонон бо ҳисси баланди…
Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар шаҳри Душанбе, ҷавонон ва варзишгарони ноҳия иштироки фаъолона намуда, саҳми арзандаи худро дар муаррифии дастовардҳои варзишӣ ва фарҳангии ноҳия гузоштанд.
Ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар барномаҳои фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва чорабиниҳои гуногун иштирок карда, варзишгарон маҳорати касбӣ, дастовардҳо ва рӯҳияи солими тарзи ҳаётро ба маърази тамошо гузоштанд.
Ин чорабинӣ ба таҳкими дӯстӣ, муаррифии имкониятҳои ҷавонон ва тарғиби фарҳангу варзиш мусоидат намуда, барои боло бурдани ҳисси худшиносии миллӣ ва ифтихор аз дастовардҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар доираи Рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор