Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ бо суръати баланд идома дошта, нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ барзиёд иҷро гардидааст. Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти…
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ бо суръати баланд идома дошта, нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ барзиёд иҷро гардидааст.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур ба "Сафо" иттилоъ доданд, то имрӯз иҷрои нақшаи сохтмони иншооти ҷашнӣ ба 107 фоиз расида, аз шумораи пешбинишуда 226 иншооти таъиноти гуногун бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин ҳама иншоот беш аз 1000 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гаштанд.
Иншооти сохташуда соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, хизматрасонӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоиву иқтисодиро дар бар гирифта, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии сокинон мусоидат менамоянд.
Айни замон таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Амирзода Маҳмуд корҳои ободониву бунёдкорӣ дар тамоми ҳудуди ноҳия бо маром идома дошта, барои рушди инфрасохтор ва муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагӣ тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ мешаванд.
Масъулин таъкид менамоянд, ки корҳои созандагию ободонӣ то таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта, бунёду мавриди истифода қарор гирифтани як қатор иншооти нави иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ дар назар аст.