Дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ободонӣ дар атрофи Бунгоҳи тиббии деҳаи Ёсуман, Ҷамоати деҳоти Сайёд, бо маром идома доранд. Бо иштироки фаъоли сокинони деҳа муҳити атрофи бунгоҳ корҳои сохтмонӣ ва дигар корҳои ободонӣ амалӣ шудаистодаанд. Ин иқдомҳо нишонаи ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва саҳмгузории сокинон дар ободии диёр буда, барои беҳтар гардидани шароити хизматрасонии тиббӣ ва муҳити зист мусоидат менамоянд. Ободии ҳар як гӯшаи Ватан аз ҳамбастагӣ ва меҳнати содиқонаи сокинони он оғоз меёбад.