ШАНБЕГӢ ВА ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА УМУМИНОҲИЯВӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ.
Бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, ободонии маҳал ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шанбегӣ ва ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонон, фаъолони…
Бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, ободонии маҳал ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шанбегӣ ва ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонон, фаъолони ҷомеа ва сокинони ноҳия фаъолона иштирок намуда, ба тозакунии кӯчаҳо, ҷамъоварии партовҳо, сафедкунии дарахтон, ободонии гулгаштҳо ва дигар корҳои созандагӣ машғул шуданд.
Дар корҳои ободони раиси ноҳия иштирок намуда саҳмгузорони маъракаи имрӯзаро аҳсану офарин хонданд.
Чунин иқдомҳо барои беҳтар намудани вазъи санитарӣ, зебогардонии муҳити зист ва таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, дар рушди маҳал саҳми арзанда мегузоранд.