Санаи 3.08.2026 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯрии муҳими маърифатӣ бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Олимзода Мансур дар…
Санаи 3.08.2026 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯрии муҳими маърифатӣ бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Олимзода Мансур дар байни роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, таҳкими шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва баланд бардоштани масъулияти ҳар як хизматчии давлатӣ дар риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба оқибатҳои манфии коррупсия, роҳҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, риояи меъёрҳои ахлоқи хизматчии давлатӣ ва нақши ҷомеа дар мубориза бо ин падида мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид карда шуд, ки мубориза бо коррупсия вазифаи танҳо як ниҳод нест, балки масъулияти муштараки давлат ва ҷомеа мебошад. Танҳо бо риояи қонун, поквиҷдонӣ, шаффофият ва масъулияти баланд метавонем барои рушди устувори кишвар ва таҳкими боварии мардум ба мақомоти давлатӣ саҳмгузор бошем.
Мо зидди коррупсия ҳастем ва барои ҷомеаи одилона, шаффоф ва қонунмеҳвар талош менамоем