Имрӯз дар доираи бозиҳои Чемпионати ҷумҳуриявӣ байни дастаҳои Лигаи 2-юм дар минтақаи Бохтар вохӯрии ҷолиб ва рақобатнок байни дастаҳои «Арал»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид. Бозӣ аз дақиқаҳои аввал бо суръати…
Имрӯз дар доираи бозиҳои Чемпионати ҷумҳуриявӣ байни дастаҳои Лигаи 2-юм дар минтақаи Бохтар вохӯрии ҷолиб ва рақобатнок байни дастаҳои «Арал»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид.
Бозӣ аз дақиқаҳои аввал бо суръати баланд оғоз ёфта, ҳар ду даста кӯшиш мекарданд, ки ташаббусро ба даст гирифта, бо ҳамлаҳои пайдарпай дарвозаи ҳамдигарро таҳдид намоянд. Бозигарон маҳорати хуби техникӣ, интизоми тактикӣ ва рӯҳияи баланди варзиширо нишон дода, барои ҳар як тӯб муборизаи ҷиддӣ бурданд.
Мусобиқаи мазкур хушу хотирмон гузаронида шуд. Ҳисоби бози 2 бар 2 ба анҷом расид.
Суратгузориш аз рафти Чемпионат дар ноҳияи А.Ҷомӣ.