Об яке аз сарватҳои муҳимтарини табиат буда, барои ҳаёт ва саломатии инсон аҳаммияти бузург дорад. Таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва риояи қоидаҳои беҳдошт аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади таъмини ду деҳаи дигар бо оби…
Об яке аз сарватҳои муҳимтарини табиат буда, барои ҳаёт ва саломатии инсон аҳаммияти бузург дорад. Таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва риояи қоидаҳои беҳдошт аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади таъмини ду деҳаи дигар бо оби ошомиданӣ ҷаласаи корӣ таҳти унвони «Беҳтар намудани таъминоти об, беҳдошти тартиби гигиенӣ» баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндаи Салиби сурхи Ҷопон, Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалии ( JICA) ва намояндаи Кумитаи хоҷагии манзилию камуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Амирзода Маҳмуд Ҳамид ширкат варзида, бо мақсади роҳҳои беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба оби тозаро баррасӣ карданд.