Бо мақсади таъмини иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳои сохтмонӣ бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ" - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии…
Бо мақсади таъмини иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳои сохтмонӣ бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ" - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдулозода Суҳроб аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ боздид ба амал овард.
Зимни боздид директори муассиса бо вазъи иҷрои корҳои сохтмонӣ, сатҳу сифати корҳои анҷомёфта, риояи талаботи лоиҳавӣ ва истифодаи самараноки масолеҳи сохтмонӣ аз наздик шинос гардид. Ба масъулони соҳа ва пудратчиён ҷиҳати тезонидани суръати корҳо, таъмини сифати баланд ва риояи қатъии қоидаҳои техникию муҳандисӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки ҳамаи иншооти ҷашнӣ бояд дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд мавриди истифода қарор гиранд.
Амирзода Маҳмуд Ҳамид раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иброз доштанд, ки бунёди иншооти нави иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва хизматрасонӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва рушди инфрасохтори маҳалҳо аҳамияти калон доранд.
Дар анҷоми боздид ба масъулон дастур дода шуд, ки ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ тамоми имкониятҳоро сафарбар намуда, барои истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.