Имрӯз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии маърифатию фарҳангӣ таҳти унвони «Навои модарони ваҳдатсаро» баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур бонувони собиқадор, ходимони сиёсӣ, занону духтарони фаъоли ҷомеаи…
Имрӯз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии маърифатию фарҳангӣ таҳти унвони «Навои модарони ваҳдатсаро» баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур бонувони собиқадор, ходимони сиёсӣ, занону духтарони фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, аҳли илму фарҳанг ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ иштирокдорон вобаста ба нақши занон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, ҳидоят намудани онҳо ба омӯзиши касбу ҳунар ва саҳми арзишманди занону модарон дар рушди ҷомеа суханронӣ намуданд.
Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Амирзода Маҳмуд Ҳамид зимни баромади худ иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, ҳамдиливу ҳамбастагӣ, сулҳу субот ва омили устувори пешрафти давлату давлатдорӣ бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.
Мавсуф таъкид намуд, ки дар таҳкими ин неъмати бебаҳо нақши занону модарони тоҷик хеле барҷаста мебошад. Ӯ афзуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба баланд бардоштани мақому манзалати занон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои онҳо, ҷалби васеи занону духтарон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
«Дар он ҷое, ки занону модарон ҳастанд, назму низом, меҳру муҳаббат, самимият ва фарҳанги волои инсонӣ пойдор мебошад», — иброз дошт раиси ноҳия.
Намоядаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимзода Маҳбуба зимни суханронӣ зикр намуд, ки солҳои охир бо ибтикори Кумита кор дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ силсилаи чорабиниҳои маърифатӣ бо иштироки занони собиқадор, шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ ва фаъолзанони вазорату идораҳо баргузор гардида, онҳо барои таҳкими худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Ватан мусоидат менамоянд.
Зикр гардид, ки ҳадафи асосии чунин ҳамоишҳо тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ, расидан ба қадри сулҳу оромӣ ва таҳкими арзишҳои давлатдории миллӣ мебошад.
Таъкид карда шуд, ки корвони «Модарони ваҳдатсаро», ки ҳамчун як ҳаракати ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ фаъолият менамояд, бо мақсади расонидани паёми ваҳдат ба ҳар як хонадон, таҳкими эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои фарҳангиву иҷтимоӣ таъсис дода шудааст.