Санаи 15 июни соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки Амирзода Маҳмуд Ҳамид раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Қурбонзода Манучеҳр намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон вохӯрии судманд доир ба масъалаҳои пешгирии коррупсия, инчунин муқовимат ба терроризм ва экстремизм баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки коррупсия яке аз омилҳои ҷиддии халалдоркунандаи рушди устувори давлат ва ҷомеа буда, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд маҳсуб меёбад. Иштирокчиён оид ба тадбирҳои амалигардонидаи давлат дар самти пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳкими фазои оштинопазири зиддикоррупсионӣ маълумоти муфассал гирифтанд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр шуд, ки ҳифзи амнияту суботи ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ аз омилҳои муҳими пешгирии ин падидаҳои хатарнок ба ҳисоб мераванд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодшуда аз ҷониби масъулин ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.