Бо мақсади гиромидошти Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чорабинӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур Амирзода Маҳмуд Ҳамид – Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳия, роҳбарону кормандони…
Бо мақсади гиромидошти Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чорабинӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур Амирзода Маҳмуд Ҳамид – Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳия, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва ҷавонону фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Сараввал чорабиниро раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ — Амирзода Маҳмуд Ҳамид ифтитоҳ намуда, ҷавонону иштирокчиёнро бо ин санаи фархунда табрик намуданд.
Зимни баромад таъкид гардид, ки ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа буда, дар пешрафту ободии Ватан саҳми арзанда мегузоранд. Ҳамчунин, ҷавонон ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагию бунёдкорӣ даъват карда шуданд.
Сипас ба як қатор ҷавонони фаъол Сипосномаи МИҲД-и ноҳия ва Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тақдим гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангини ҳунармандони бахши фарҳанги МИҲД-и ноҳия баргузор гардид.