Имрӯз субҳи барвақт раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Амирзода Маҳмуд Ҳамид аз рафти корҳои сохтмонӣ ва ободониву созандагӣ дар иншооти ҷашнӣ дидан кардаанд. Зимни боздид, рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ, сатҳу сифати корҳои анҷомёфта ва суръати пешрафти…
Имрӯз субҳи барвақт раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Амирзода Маҳмуд Ҳамид аз рафти корҳои сохтмонӣ ва ободониву созандагӣ дар иншооти ҷашнӣ дидан кардаанд.
Зимни боздид, рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ, сатҳу сифати корҳои анҷомёфта ва суръати пешрафти иншоотҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, ба масъулин ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои бунёдкорӣ, риояи меъёрҳои сохтмонӣ ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонидани корҳои пешбинишуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Таъкид гардид, ки корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашнҳои муҳими миллӣ бояд бо масъулияти баланд ва сифати хуб анҷом дода шуда, барои боз ҳам ободу зебо гардидани ноҳия саҳми арзанда гузоранд.