Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 81-солагии Рӯзи Ғалаба субҳи имрӯз таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Амирзода Маҳмуд Ҳамид ,…
Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 81-солагии Рӯзи Ғалаба субҳи имрӯз таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Амирзода Маҳмуд Ҳамид , намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи МИҲД-и вилояти Хатлон, муовинони раиси ноҳия, Сардори ШВКД дар ноҳия, комиссари ҳарбии ноҳия, сардухтури беморхонаи марказии ноҳия ба манзили истиқоматии иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Тағоев Гулмурод ташриф оварда, ӯро самимона аёдат ва табрик намуданд.
Зимни мулоқот аз хизматҳои шоистаю таърихии ин фарзанди шуҷои Ватан дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдоварӣ карда шуд. Қайд гардид, ки корнамоиҳои иштирокдорони ҷанг, аз ҷумла Тағоев Гулмурод, намунаи баланди садоқат ба Ватан, матонат ва ҷасорат буда, барои наслҳои имрӯзу фардо мактаби бузурги ватандӯстиву инсонгароӣ ба ҳисоб мераванд.
Меҳмонон таъкид намуданд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ҳамеша нисбат ба собиқадорони ҷангу меҳнат ғамхории хоса зоҳир намуда, эҳтироми онҳо ҳамчун қаҳрамонони таърихӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дорад.
Дар идомаи аёдат ба иштирокчии ҷанг туҳфаҳои идона ва кумакҳои моддӣ тақдим кардашуд.
Аз ҷумла, тӯҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ, тӯҳфаи раиси вилояти Хатлон ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва тӯҳфаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ ба Тағоев Гулмурод супорида шуд.
Дар фарҷоми мулоқот таъкид гардид, ки ҷавонони соҳибватани кишвар имрӯз бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз таърихи миллат анъанаҳои неки насли калонсолро идома дода, барои ҳифзи сулҳу субот, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд.