Имрӯз дар Қасри фарҳанги ноҳия ҷаласаи муҳими дастурдиҳӣ оид ба таҳкими худшиносии миллӣ, пешгирии ифротгароӣ ва баланд бардоштани масъулияти ҷомеа баргузор гардид. Дар ҷаласа, муовини Раиси вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, Сардори…
Имрӯз дар Қасри фарҳанги ноҳия ҷаласаи муҳими дастурдиҳӣ оид ба таҳкими худшиносии миллӣ, пешгирии ифротгароӣ ва баланд бардоштани масъулияти ҷомеа баргузор гардид.
Дар ҷаласа, муовини Раиси вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, Сардори Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон Генерал-майор Мирзозода Нусратулло Неъматулло, Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Амирзода Маҳмуд Ҳамид, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ иштирок намуданд.
Сараввал, Раиси ноҳия Амирзода Маҳмуд ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо меҳмонон шинос намуд.
Сипас, Сардори Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон Генерал-майор Мирзозода Нусратулло Неъматулло зимни суханронӣ доир ба вазъи мураккаби ҷаҳон ва пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, мубориза бо хурофоту таасуби динӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, монеа шудани волидайн аз таҳсилоти фарзандон, баргардонидани хонандагон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ аз таҳсилот дурмонда ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, Раҳмонзода Абдулло муовини Раиси вилояти Хатлон ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба барои сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, таъмиру тармими хонаю манзилҳои истиқоматӣ, баргузор намудани шанбегиҳои дастаҷамъона дар маҳал, тақвияти худшиносию худогоҳии миллӣ баромад намуданд.
Зимни баромад қайд гардид, ки худшиносии миллӣ инсонро ба дуст доштани Ватан, эҳтироми давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ раҳнамоӣ мекунад.