Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва таъмини дастрасии сокинон ба кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, дар деҳаи Мирзоободи Ҷамоати деҳоти Меҳробод сохтмони бунгоҳи тиббӣ бо саҳми аҳолӣ ва соҳибкорони ватандӯст оғоз…
Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва таъмини дастрасии сокинон ба кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, дар деҳаи Мирзоободи Ҷамоати деҳоти Меҳробод сохтмони бунгоҳи тиббӣ бо саҳми аҳолӣ ва соҳибкорони ватандӯст оғоз гардидааст.
Бунгоҳи мазкур барои расонидани хизматҳои аввалияи тиббӣ, муоинаи беморон, эмгузаронӣ ва нигоҳубини саломатии модару кӯдак пешбинӣ шуда, пас аз ба истифода супоридан сокинони деҳа ва маҳаллаҳои атрофро фаро мегирад.
Зери дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид сокинони деҳа дар корҳои сохтмонӣ фаъолона иштирок намуда, бо расонидани кӯмаки моддӣ ва меҳнатӣ саҳми арзандаи худро дар ободии деҳа ва маҳалли хеш мегузоранд. Ин иқдом намунаи равшани ҳамбастагӣ ва дастгирии иҷтимоӣ дар роҳи ободонии маҳал мебошад.
Тибқи нақша, бунгоҳи тиббӣ бо утоқҳои қабули беморон, ҳуҷраи муоинаӣ ва дигар шароити зарурии тиббӣ таъмин карда мешавад.
Имрӯз роҳбарияти ноҳия аз рафти корҳои сохтмонӣ дидан намуда, бо изҳори сипосгузорӣ аз сокинони ин деҳа, ки имрӯз ба роҳсозӣ, таъмири пули мошингузар ва насби симчубҳо даст доранд, таъкид намуд, ки танҳо ҳабастагӣ ва дӯстдоштанӣ меҳану диёри хеш боиси рушд ва ободии бо суръати ватамон гардида, дар партави иқдомҳои созанда ва ояндасози Пешвои миллат, дастоварди хубе бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мегардад.
Дар ноҳия як соли охир ба рушди инфрасохтори тиббӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, сохтмони муассисаҳои нави тиббӣ дар деҳот идома дорад.