Дар маркази ноҳия бо ҷалби фаъолонаи аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» шанбегии умумӣ баргузор гардид, ки он ба истиқболи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ»…
Дар маркази ноҳия бо ҷалби фаъолонаи аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» шанбегии умумӣ баргузор гардид, ки он ба истиқболи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» бахшида шуд.
Дар доираи ин иқдом, иштирокчиён ба корҳои тозагиву ободонӣ машғул гардида, кӯчаву хиёбонҳо, гирду атрофи муассисаҳо ва мавзеъҳои ҷамъиятиро аз партовҳо тоза намуданд.
Мақсад аз баргузории чунин шанбегиҳо на танҳо тоза нигоҳ доштани муҳити зист, балки баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ миёни ҷавонон мебошад.
Иштироки фаъолонаи аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» нишон дод, ки ҷавонон дар пешбурди корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳми назаррас дошта, барои ободии Ватан ҳамеша омодаанд.