Дар доираи эълон гардидани соли 2026"Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" ва таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Зарнисор, Ҷамоати деҳоти Сайёд, корҳои…
Дар доираи эълон гардидани соли 2026"Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" ва таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Зарнисор, Ҷамоати деҳоти Сайёд, корҳои сохтмонии боғчаи кӯдакона бо роҳбарии раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Қосимӣ Назокат, бо маром идома доранд. Ин иқдоми муҳим бо мақсади фароҳам овардани шароити беҳтари таълиму тарбия барои кӯдакон ва дастгирии оилаҳо роҳандозӣ гардидааст.
Айни ҳол, корҳои асосии сохтмонӣ, аз ҷумла бунёди деворҳо, насби сақф ва омодасозии инфрасохтор босуръат пеш рафта истодаанд. Ин иқдом бо дастгирии сокинони маҳаллӣ ва саҳми шахсони саховатпеша, иншооти мазкур роҳандозӣ гардида истодааст.
Боғчаи нав бо шароити замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, барои таълиму тарбияи насли наврас муҳити мусоид фароҳам хоҳад овард. Ин иқдом қадами муҳим дар самти рушди иҷтимоӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинони маҳал ба ҳисоб меравад.