Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Суроға: ш /А Ҷомӣ кӯчаи Крупская | тел – 934-42-60-87
Аз 9 - уми апрели соли 2026 №- 18 / 31 | ш.Хоҷамастон
Маълумотнома
Роҳбарияти муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия , фаъолияти кории худро бо 17- мураббӣ аз рӯи 7- намуди варзиш: гӯштини самбо, гӯштини ҷудо, футбол, тенниси рӯи миз, бадминтон, гӯштини миллӣ ва гӯштини тарзи озод бо теъдоди 476-нафар варзишгар оғоз намуда, аз 2-юми январи соли 2026 то 9-уми апрели соли 2026 15- чорабиниҳои варзишии дохили муассисавӣ аз рӯи намудҳои варзиш баргузор карда шуд. Варзишгарони муассиса дар 8- чемпионат ва мусобиқаҳои вилоятӣ иштирок намуда ҷамъ 38- медал ба даст оварданад, ки аз инҳо 20- тилло, 8-нуқра, 10-биринҷиро ташкил менамояд. Дастпарварони муассиса дар 2 чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ягон натиҷа ба даст наоварданд. Варзишгари ноҳия Шокимова З дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дастхобонӣ иштирок намуда 2-медали биринҷиро ба даст овард.
Инчунин чорабиниҳои деҳа ба деҳа аз рӯи намудҳои гӯштини миллӣ 64- вохурӣ ва волейбол 64-вохурӣ баргузор карда шуд. Байни ташкилотҳо чорабиниҳои варзишӣ аз рӯи намуди футболи хурд ва шашка ва шоҳмот 13- тогӣ баргузор када шуд.
Мураббиён, кормандон ва варзишгарони муассиса дар тамоми чорабиниҳои варзишии ноҳиявӣ бахшида ба санаҳои таърихӣ иштирок намуда, дастовардҳои худро ба намоиш гузошта, пешкаши бинандагон гардонидаанд.
Директори
муассисаи давлатии
мактаби варзишии
н. Абдураҳмони Ҷомӣ [имзо ва мӯҳр] Б.Холов