Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид ва бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии…
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид ва бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирзода Абдуҷаббор, инчунин намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мудири шуъбаи сохтмон ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Файзализода Сайдалӣ маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар се моҳи аввали соли 2026 бо иштироки роҳбарони сохторҳо, ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа муовинони раиси ноҳия вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҳисобот пешниҳод намуда, ҷараёни иҷрои нақшаҳо ва барномаҳои давлатӣ дар се моҳи аввали сол мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Зикр гардид, ки дар ин давра, новобаста аз баъзе мушкилоти мавҷуда, дар як қатор самтҳо пешравиҳои назаррас ба даст оварда шуданд.
Аз ҷумла, дар соҳаи маориф ва тандурустӣ тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ гардида, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ корҳои муайян ба анҷом расонида шудаанд. Дар бахши фарҳанг ва ҷавонон низ чорабиниҳои гуногун ҷиҳати тарбияи маънавию ватандӯстии насли ҷавон баргузор гардида, фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ густариш ёфтааст.
Ҳамзамон, масъалаи кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти маҳаллӣ арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки ҳар як муроҷиат бояд сари вақт ва бо сифати баланд баррасӣ карда шавад. Дар баробари ин, раванди корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази диққати махсус қарор дошта, дар ин самт бунёду азнавсозии иншооти гуногун босуръат идома дорад.
Раиси ноҳия муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид зимни таҳлили муфассали фаъолияти соҳаҳо ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ӯ таъкид намуд, ки иҷрои босифати нақшаи андоз, рушди саноатикунонӣ, ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бояд дар меҳвари фаъолияти ҳамаи сохторҳо қарор гирад.
Дар самти кишоварзӣ диққати асосӣ ба истифодаи самараноки ҳар як қитъаи замин, рушди соҳаи боғу токпарварӣ, беҳтар намудани фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ, пешгирии баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ равона карда шуд. Ҳамчунин, масъалаи фаъолияти сардхонаҳо, таъмин намудани бозор бо маҳсулоти ватанӣ ва рушди инфрасохтори деҳот мавриди таҳлили амиқ қарор гирифт.