КОРҲОИ ОБОДОНИЮ ЗЕБОГАРДОНИ ВА НАСБИ ШИОРУ ОВЕЗАҲО ИНЧУНИН НАСБИ ПАРЧАМИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАЗДИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО ДАР АРАФАИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ Дар партави дастуру супоришҳо ва иқдомҳои бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу…
КОРҲОИ ОБОДОНИЮ ЗЕБОГАРДОНИ ВА НАСБИ ШИОРУ ОВЕЗАҲО ИНЧУНИН НАСБИ ПАРЧАМИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАЗДИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО ДАР АРАФАИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Дар партави дастуру супоришҳо ва иқдомҳои бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва хуррамгардонии ҳар як гӯшаи диёр имрӯз 23 марти соли 2026 дар гирду атрофи бинои Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва бинои шуъбаи маорифи МИҲД-ноҳияи А.Ҷомӣ, ва бинои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Раёсати молия дар ноҳия, шуъбаи маорифи ноҳия ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия корҳои ободониву, зебогардони бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ баргузор гашт.
Ин иқдомҳои пешгирифта ба хотири он аст, ки ҳар як меҳмоне, ба ноҳияи А.Ҷомӣ ташриф меорад як хотираи нек ба худ бояд ҳангоме рафтан бибарад.