Имрӯз дар кучаи Калинин шаҳраки «Хоҷамастон»-и ноҳия ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Чорабинии идона бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Қосимӣ Назокат, мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Фирдавс Боймуродзода, занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Давлатова Зарангез, раиси шаҳраки "Хоҷамастон" Солеҳзода Олимҷон ва иштирокдорон бо либосҳои миллӣ ҳузур дошта, наврасон бошанд бозиҳои варзиши аз намуди бандкаши, гуштини миллӣ ва модарон бошад дастархони идона бо таомҳои миллӣ, аз ҷумла суманак, оши бурида, кашк ва ҳунарҳои мардумӣ оро дода шуд.
Аз ҷумла аз ҷониби соҳибкорони маҳала 25-нафар наврасон дар ҷашни наврузӣ хатнасур карда шуд ва ба онҳо туҳфаҳо тақдим гардид.
Барномаҳои фарҳангӣ, суруд ва рақсу бозӣ фазои идонаро боз ҳам шодобу хотирмон гардониданд.
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат ва рамзи сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва ваҳдати мардум, дар қалби иштирокдорон ҳисси ифтихор ва шодиро дучанд намуд.