Тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Фирдавс Боймуродзода, вохӯриву суҳбатҳо бо аҳли ҷамоати намозгузорон баргузор намуданд. Дар ифтитоҳи вохӯри ҳамаи…
Тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Фирдавс Боймуродзода, вохӯриву суҳбатҳо бо аҳли ҷамоати намозгузорон баргузор намуданд. Дар ифтитоҳи вохӯри ҳамаи намозгузоронро ба рӯзи Иди саиди фитр табрику муборакбод намуданд.
Ҳадафи асосии ин мулоқотҳо тақвият бахшида ба корҳои ободонӣ, беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ва дастгирии табақаҳои ниёзманд мебошад.
Зимни суҳбатҳо масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ баррасӣ гардида, сокинонро ба ҳамкории фаъолона дар корҳои созандагиву ободонӣ даъват намуданд.
Дар давоми суҳбатҳо таъкид намуда гуфтанд, ки фарзандонро барои таҳсилашон монияги насозанд то ин, ки хонанд соҳиби илму маърифат гарданд ва оянда дар ҷомеъа кор ва фаъолият кунанд, агар ҷомеъа бо савод бошад давлат пешрафт мегардад.
Писарони худро ба хизмати модар ватан равона созед ҳар як ҷавонмард бояд хизмати модар ватанро адо намояд то ин, ки мову Шумо дар осудаги зиндаги кунем агар фарзандони мову Шумо марзу бумро ҳимоя накунанд пас мо дар ин масчит омада оромона намоз гузоштанамон ғайри имкон аст.
Фарзандонамонро бештар ба китобу китобхони ҷалб созем агар фарзандони мову Шумо китобхон бошанд дар ҳаркуҷо фикррони ва ҷаҳонбинияшон васеъ мегардад.
Фарзандҳоятон вақте аз хона мебароянд бояд Шумо огоҳ бошед то, ин ки донед ба куҷо мераванду ба чи кор машғул мешаванд.
Ҳастанд афроде, ки фарзандони мову Шуморо ба ҳаргуна доруҳои ба нашъаманди оварда мерасонад ҷалб карда истоданд.
Дар охир ба ҳамаи намозгузорон рӯзгори осоиштаро таъмано намуданд.