Субҳи имрӯз, 16 марти соли 2026, таҳти раёсати Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти ҳафтаи сипаригардидаи соҳаҳои саноату сохтмон, иқтисоду савдо,…

Субҳи имрӯз, 16 марти соли 2026, таҳти раёсати Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти ҳафтаи сипаригардидаи соҳаҳои саноату сохтмон, иқтисоду савдо, хизматрасониҳои коммуналӣ, барқ, обу корезӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ, тандурустӣ, маориф, кор бо занон ва ҷавонон, масъалаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, фаъолияти комиссарияти ҳарбӣ, кишоварзӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси ноҳия дар оғози ҷаласа ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, иҷрои нақшаи андозҳо, пардохти саривақтии музди меҳнат ва нафақа, ҷамъоварии ҳаққи хизматрасониҳои барқ, об ва партовҳо, баровардани ҳисобкунакҳои барқӣ, нигоҳдорӣ ва таъмири роҳҳо, нигоҳубини гулу буттаҳо, назорати нарху наво дар бозорҳо, тозагии шоҳроҳҳо, рангубори онҳо, иваз намудани аломатҳои роҳ ва омодагӣ ба кишти баҳорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон, оид ба назорати раванди сохтмони иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Дар идомаи ҷаласа вобаста ба масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла таҳлили ҳисоботҳои оморӣ, тақсимоти дурнамои кишти зироатҳо, гузаронидани шудгори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳо, корҳои кабудизоркунӣ ва парвариши гулу буттаҳои мавсимӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамчунин, дар ҷаласа масъалаҳои назорати сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, риояи талаботи сару либоси мактабӣ, истифодаи самараноки заминҳои назди муассисаҳо, риояи ҳолати санитарию эпидемиологӣ, ободониву тозагӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ дар марказу бунгоҳҳои тиббӣ, инчунин тақвияти корҳои идеологӣ бо усули «деҳа ба деҳа» баррасӣ гардиданд.
Дар баробари ин, оид ба фаъолияти шӯроҳои кор бо занон ва ҷавонон, кор бо оилаҳои ноустувор, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, гирифтани шаҳодатномаҳои таваллуд ва ақди никоҳ, инчунин ба роҳ мондани чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, кӯчаю маҳаллаҳо ва омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи он супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба фаъолияти мутахассисони соҳаи кор бо дин, фаъолияти масҷидҳо, комиссияҳои ҷамъиятӣ, пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.