Бо мақсади истиқболи арзанда аз ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар минтақаҳои гуногуни ноҳия мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ бо саҳми фаъолонаи сокинон, соҳибкорон ва мақомоти маҳаллӣ идома дорад. Ин ташаббус барои беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётӣ ва…
Бо мақсади истиқболи арзанда аз ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар минтақаҳои гуногуни ноҳия мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ бо саҳми фаъолонаи сокинон, соҳибкорон ва мақомоти маҳаллӣ идома дорад. Ин ташаббус барои беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётӣ ва шароити зиндагии аҳолӣ амалӣ карда мешавад.
Тибқи маълумот, корҳои мумфаршкунӣ бо маблағгузории муштараки аҳолӣ ва соҳибкорон анҷом меёбанд. Танҳо дар соли 2025 бо саҳми соҳибкорон ва сокинони саховатманд тақрибан 17 километр роҳ мумфарш гардидааст. Танҳо дар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Дустӣ ва Яккатут дар як моҳи охири соли 2026 зиёда аз 5 километр роҳҳои дохилидеҳагӣ бо дастгирии сокинони фаъол ва соҳибкорони маҳаллӣ мумфарш карда шуд. Чунин иқдом дар ноҳия бо саҳми фарзандони баномусу Ватандӯст идома дорад.
Коршиносон мегӯянд, ки чунин иқдомҳо на танҳо ҳаракати нақлиётро осон мекунанд, балки барои рушди иқтисоди маҳаллӣ, беҳтар шудани рафтуомади мардум ва баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамоянд.