Субҳи имрӯз, 11-уми марти соли 2026, дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таҳти раёсати раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид ҷаласаи назоратии иҷрои дастуру супоришҳои ҳафтаи гузашта доир гардид.
Дар кори ҷаласа муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаҳои маҳалла, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Дар оғози маҷлис раиси ноҳия муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид ҳозиринро ба муносибати 11 март – Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрик намуда, нақши воситаҳои ахбори оммаро дар инъикоси дастовардҳои давлату ҷомеа ва таҳкими фазои иттилоотии кишвар муҳим арзёбӣ намуд.
Зимни баромади худ раиси ноҳия таъкид кард, ки татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат дар сатҳи ноҳия бояд пурра, саривақт ва бо масъулияти баланд амалӣ карда шавад. Дар ин замина таваҷҷуҳи махсус ба омодагӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ, бунёду азнавсозии иншооти ҷашнӣ ва ободонии маҳаллаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид шуд, ки ҳамаи корҳои пешбинишуда бояд дар муҳлатҳои муайяншуда ва бо сифати баланд анҷом дода шаванд.
Ҳамзамон, оид ба омодагӣ ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз супориш дода шуд, ки дар тамоми корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, деҳаҳо,кӯчаву маҳаллаҳо корҳои тозакорӣ, ободонӣ ва кабудизоркунӣ вусъат дода шаванд.
Дар маҷлис инчунин ба масъалаи омодагии ҷиддӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ба раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва масъулони соҳа ҷиҳати иҷрои босифати нақшаи даъват супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Раиси ноҳия дар бахши кишоварзӣ ба масъалаҳои ворид намудани тухмиҳои хушсифату серҳосили зироатҳо, истифодаи дастовардҳои илмӣ ва тавсияҳои мутахассисон, ба гардиши истеҳсолӣ ҷалб намудани заминҳои бекорхобида, иҷрои саривақтии шудгори заминҳо ва риояи муҳлатҳои агротехникӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуд. Инчунин таъкид гардид, ки корҳои ниҳолшинонӣ густариш ёфта, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода бурда шаванд, то ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёбад ва амнияти озуқавории ноҳия таъмин гардад.
Дар ин замина ба масъулони соҳаи кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ супориш дода шуд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳои мавсимӣ, назорати воридот ва тақсимоти тухмиҳои хушсифат, истифодаи самараноки обу замин ва ба гардиши истеҳсолӣ ҷалб намудани ҳамаи заминҳои бекорхобидаро таъмин намоянд. Ҳамчунин, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва хоҷагидорон оид ба истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ вазифаи муҳим арзёбӣ гардид.
Илова бар ин, масъалаҳои кам намудани бақияи қарзи андозҳо, пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи нерӯи барқ ва оби полезӣ аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ, инчунин риояи қатъии интизоми молиявӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамчунин дар ҷаласа пешниҳоди Прокуратураи ноҳия вобаста ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, аз ҷумла масъалаи таъмири бинои КАТС-и ноҳия, ки аз ҷониби сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳия Пирзода Иброҳим ба самъи ҳозирин расонида баррасӣ гардид.
Дар анҷоми маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Қосимӣ Назокат ба роҳбарон ва раисони кумитаҳои маҳаллаҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, аз ҷумла дар самти насби шиору овезаҳо, гузоштани парчамҳои давлатӣ ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар фарҷом раиси ноҳия муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид аз масъулон талаб намуд, ки иҷрои дастуру супоришҳои додашударо зери назорати ҷиддӣ қарор дода, барои пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва ободонии диёр бо масъулияти баланд фаъолият намоянд.