АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ Бо мақсади ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо тавсияи комиссияи озмуни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як қатор кадрҳои болаёқат, аз ҳисоби ҷавонон ба мансабҳои…
АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
Бо мақсади ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо тавсияи комиссияи озмуни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як қатор кадрҳои болаёқат, аз ҳисоби ҷавонон ба мансабҳои холии хизмати давлатӣ дар шуъбаҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ба кор қабул гардиданд.Раиси ноҳия муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид зимни сӯҳбат ба ҷавонони навтаъиншуда оид ба масъалаҳои таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои Муаззами Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини иҷрои вазифаҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ сӯҳбат гузаронида ба ҷавонон барору комёбиҳо орзу намуданд.