Бо ташаббуси раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мӯҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид дар доираи тадбирҳо бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар заминаи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат бахшидани…
Бо ташаббуси раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мӯҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид дар доираи тадбирҳо бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар заминаи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ», дар бинои Литсейи давлатии рақами 1 ҳашари умумӣ бо иштироки фаъолонаи роҳбарият, кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, падару модарон ва сокинони маҳаллӣ баргузор гардид.
Дар доираи ин иқдоми созанда бино бо 18 синфхона пурра азнавсозӣ карда мешавад.
Бо ба истифода додани синфхонаҳои азнавсозишуда, мушкилоти ҷойгиркунии хонандагон пурра ҳалли худро ёфта, имконият фароҳам меояд, ки дарсҳо дар як баст ба роҳ монда шаванд ва сифати таълим боз ҳам беҳтар гардад.