АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ: БАРРАСИИ МУРОҶИАТҲОИ ШАҲРВАНДОН ДАР МАДДИ АВВАЛ Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби раиси ноҳия муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид баргузор гардид. Раиси ноҳия ҳар як…
АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ: БАРРАСИИ МУРОҶИАТҲОИ ШАҲРВАНДОН ДАР МАДДИ АВВАЛ
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби раиси ноҳия муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид баргузор гардид.
Раиси ноҳия ҳар як муроҷиатро мавриди баррасӣ қарор дода, барои омӯзиши ҳамаҷониба ва ҳалли саривақтии онҳо ба масъулини соҳаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ доданд. Ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор таъкид карда шуд, ки муроҷиатҳои шаҳрвандонро дар доираи қонунгузорӣ, бо масъулияти баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда ҳал намоянд.